Faq

Чӣ тавр ман метавонам дар тамос шавам?

Шумо метавонед ба дастаи махсуси мо тамос гиред, то дар бораи кӯмаки иловагӣ, иттилоот, пешниҳоди фикру мулоҳиза ё пешниҳоди шикоят дархост кунед. Лутфан дастаи дастгирии моро дар инҷо пайдо кунед: https://www.getcontact.com/send-report

Getcontact иттилоотро чӣ гуна истифода менамояд?

Шумо метавонед маълумоти пурраро оид ба чӣ гуна ва бо кадом мақсад Getcontact маълумотро истифода мебарад, дар Баёнияи Махфияти мо дарёфт намоед [https://www.getcontact.com/privacy].

Аммо нуқтаҳои асосиро метавон чунин тавр хулоса намуд;

- Барои имкон, мувофиқу фардӣ намудан, расонидан ва беҳтар кардани хидматрасонҳои мо.

- Иҷрои ӯҳдадориҳои ҳуқуқӣ, аз ҷумла барои ҳифз аз қаллобӣ, ошкор кардани спам ва пешниҳод намудани маълумот ба мақомоти танзимкунанда дар ҳолатҳои мувофиқи қонунҳои мавҷуда.

- Барои ҳифзи ҳуқуқҳо ва амнияти Getcontact ва корбарони мо, аз ҷумла ошкор кардани спам ва зангзанандагони номатлуб.

- Таҳияи гузоришҳо бо истифода аз маълумоти ҷамъшуда ва анонимӣ бо мақсади оморӣ ва таҳлилӣ.

Оё Getcontact маълумоти китоби тамосҳои маро дастраси умум мегардонад ё барои ҷустуҷӯи он имкон медиҳад?

Не, тамосҳои Шумо дар дафтари суроғаҳо барои ҷустуҷӯ шудан ва барои дигарон дастрас шудани онҳо ҳеҷ гоҳ фиристонида намешаванд. Вақте ки шумо рақамро барои тасдиқот дар феҳристи мо ҷустуҷӯ мекунед ё профили тамосро мебинед, рақам ё профили Getcontact-ро танҳо дар доираи феҳристи мо дидан мумкин аст. Getcontact дорои қобилияти техникӣ ё амалиётӣ барои коркард ё фиристонидани маълумоти китоби суроғаҳоро берун аз ҳадафҳои мушаххаси қоидаҳоямон, надорад.

Оё ман метавонам рақами телефони худро аз директорияи Getcontact хориҷ кунам?

Бале, дар ҳақиқат. Шумо метавонед бо чунин амалҳои оддӣ ба осонӣ рақамро хориҷ кунед: Идоракунии Махфият > Танзимоти Намоёнӣ

Оё ман метавонам маълумоти худро аз Getcontact ба пуррагӣ нест кунам?

Бале, комилан. Шумо метавонед тавассути Маркази махсуси Идоракунии Махфияти дар ин ҷо буда, агар дар кишвари шумо дастрас бошад, ҳама маълумот ва маълумоти бо профили шумо алоқамандро нест кунед. https://www.getcontact.com/manage. Лутфан ба назар гиред, ки пас аз он ки маълумот ва аккаунти худро нест кардед, Шумо дигар хизматрасонии Getcontact-ро истифода бурда наметавонед.

Барчасп чист? Чӣ тавр ман метавонам барчаспро илова намоям?

Барчасп ин маълумотест, ки барои корбари Getcontact аз ҷониби корбарони дигар илова карда мешавад (никнейм, ном ва ғайра). Ин барчаспҳоро корбар идора карда метавонад.

Барчаспҳоро барои корбарони дигари Getcontact аз қисмати ""Илова кардани Барчасп"", ки бояд дар профили корбар пайдо карда шавад, Шумо метавонед илова намоед. Инчунин Шумо метавонед ин амалро аз менюи ""Иловакунии Барчаспи тез"" низ ҳангоми дохил шудан ба барнома иҷро кунед.

Метавонам барои худам барчаспҳоро илова намоям?

Мувофиқи стандартҳои ҷомеаи Getcontact, шумо метавонед барчаспҳоро танҳо барои корбарони дигар илова кунед; аммо, шумо метавонед барчаспҳои худро идора кунед.

Метавонам, бифаҳмам ки барчаспҳоро ба профили ман кӣ илова кард?

Мо системаи филтркунадаро барои пешгирии барчаспҳои таҳқиркунанд дорем, ки мо доимӣ онро такмил медиҳем. Бо мақсади беҳтар кардани алгоритми мо, мо мехоҳем, ки дар бораи барчаспҳои таҳқиромез ва номувофиқ хабар диҳед. Он ба пешрафти технологияи мо кӯмак мерасонад.

Чӣ тавр ман метавонам барчаспҳои худро идора ё нест кунам?

Ҳама гуна барчаспҳои марбут ба профили Шумо тавассути барнома ё тавассути Маркази махсуси Идоракунии Махфият (https://www.getcontact.com/manage) метавон дида, идора ё нест карда шаванд.

Чӣ тавр метавонам суроғаи почтаи электрониамро ки бо Getcontact истифода менамоям, тағир диҳам?

Шумо метавонед суроғаи почтаи электронии худро тавассути гузариш ба "Нишон додани профил" аз қисмати "Дигар" – и менюи поёнӣ тағир диҳед.

Чӣ тавр ман метавонам рақами телефониамро дар тамосҳо нонамоён созам?

Шумо метавонед танзимоти дидашавандагии худро тавассути линки зерин интихоб кунед: https://www.getcontact.com/manage

Лутфан дар назар доред, ки ҳама гуна тағирот метавонад 48 соатро дарбар гирад, то дар серверҳои мо иваз гардад.

Оё ман метавонам дигар рақамрор низ ба профили Getcontact –и худ илова намоям?

Айни замон профили Getcontact - и Шумо танҳобоо як рақами телефон пайваст шуда метавонад.

Ман чӣ гуна метавонам номи профили худро дар Getcontact тағир диҳам?

Шумо метавонед номи намоёнро аз профили худ дар барнома дар ҷадвали танзимот тағир диҳед. Вақте ки шумо онро таҳрир мекунед, номи профили навшудаи Шумо дар натиҷаҳои ҷустуҷӯ дар аввалият мешаванд.

Trust Score чист?

Trust Score ин як усули махсуси таҳлилие ки муҳандисони Getcontact онро барои мубориза бо қаллобӣ дар телефон таҳия кардаанд. Trust Score дар шкалаи аз 1 то 10 ҳисоб карда мешавад.

Чӣ тавр Trust Score кор мекунад?

Барои муайян намудани Trust Score, якчанд алгоритмҳо ба назар гирифта мешаванд, ба монанди

фикру мулоҳиза оид ба рақами телефон

фаъолияти спам вобаста ба рақами телефон.

Ва даҳҳо алгоритмҳои мухталиф технологияи ИС-и моро таъмин менамояд, то мо тавонем Trust Score - ро барои ин рақам ҳисоб кунем..

Оё ман метавонам Trust Score пурра такя кунам?

Не! Getcontact танҳо баҳо медиҳад ва ин холҳо эътибори ҳатмӣ надоранд.

Ҳуқуқи истифодабарии ройгони ман боз кай барқарор мешавад?

Маҳдудиятҳои Шумо дар рӯзи якуми ҳар моҳ азнав карда мешаванд. Барои санҷидани лимити боқимонда метавонед ин амалҳоро иҷро кунед: Дигар> Маълумоти обуна

Пароли яквақтааи 'OTP' барои чӣ лозим аст?

Тартиби тасдиқоти корбарони мо бо мақсади таъмини дастрасӣ танҳо ба он нафаре, ки ба сифати соҳиби рақами тамос ё профили Getcontact дуруст тасдиқ карда шудааст, таҳия карда шудааст. Ҳамчун як қисми ин раванди тафтиш, эҷод намудани пароли яквақтаи 'OTP' -ро барои дастрасӣ ба танзимоти аккаунт ва Маркази Идоракунии Махфият (https://www.getcontact.com/manage) хоҳиш менамоем.

Оё ман метавонам ба воситаи ном ҷустуҷӯ кунам?

Getcontact зангзанандагонро танҳо бо рақами телефон муайян мекунад. Мутаассифона, тавассути ном ҷустуҷӯ кардан ғайриимкон аст.

Чаро ман на дар ҳама зангҳо маълумоти зангзанро дида наметавонам?

Getcontact дар бораи махфияти корбаронаш чораҳо меандешад. Мо барои муайян кардани рақами корбаре, ки намехоҳанд намоён бошанд, қодир нестем.

Ман дастгоҳи IPhone-ро истифода менамоям. Чаро ман шахсияти занги воридошавандаро дида наметавонам?

Дар дастгоҳҳои iOS, танҳо зангҳоеро муайян мешаванд, ки ҳамчун спам ишора шудаанд. Дар дастгоҳҳои Android ин танзимот фаъол аст. Дар ҳолате, ки шумо шахсияти шахси зангзанандаро дида натавонед, шумо метавонед дар барнома иҷозатҳои зарурӣ диҳед. Шумо метавонед ин хусусиятро тавассути танзими иҷозат дар барнома ё тавассути танзимоти дастгоҳи мобилии худ фаъол кунед.

Ман фаҳмида метавонам, ки кӣ рақами маро ҷустуҷӯ кард?

Не! Танҳо ба истифодабарандагони Premium бо маълумоти маҳдуд дар бораи он, ки рақами шумо чанд маротиба ва дар кадом рӯз чустуҷӯ шуда буд, дода мешавад. Шумо танҳо он шахсонеро дидан метавонед, ки ба таври муфассал барчаспҳои шуморо дидаанд. Аммо, барои он ки ба Шумо ин иттилоот дастрас бошед, шахсе, ки барчаспҳои шуморо дидааст, бояд дар танзимоти худ "Реҷаи хусусӣ" -ро ғайрифаъол карда бошад. Агар параметри "Реҷаи хусусӣ" фаъол бошад, Шумо ин шахсро ҳамчун "Номаълум" хоҳед дид.

Барои чӣ муштариёни номаълумро муайян карда нашуд?

Зангҳои номаълумро операторони GSM идора мекунанд. Рақам набояд номаълум бошад, то ба Getcontact имкон диҳад, ки инро муайян кунад.

Чӣ тавр ман таърихи Занг /Ҷустуҷӯи худро метавонам нест кунам?

Агар шумо дастгоҳи IOS-ро истифода баред;

Шумо метавонед тамоми таърихи ҷустуҷӯро тавассути тугмачаи ""Тозакунии Ҳама"" дар менюи Ҷустуҷӯ тоза кунед.

Агар шумо дастгоҳи Android истифода баред;

Шумо метавонед бо истифодаи тугмачаи ""Тозакунӣ"" дар менюи болоӣ таърихи ҷустуҷӯро тоза кунед. Дар хотир доред, ки барои тоза кардани рӯйхати зангҳо, шумо инчунин таърихи зангҳои телефонро бояд тоза кунед.

Оё Getcontact барномаи пулакӣ мебошад?

Шумо метавонед Getcontact-ро ройгон истифода баред. Мо ба шумо намудҳои гуногуни обунаро пешниҳод менамоем, то он имконият диҳад, ки баъзе хусусиятҳоро бо маҳдудиятҳои баландтар истифода баред. Пешниҳодҳои обуна ва нархгузорӣ дар кишварҳои метавонад гуногун бошад. Агар Premium дар минтақаи шумо мавҷуд бошад, шумо метавонед пешниҳодҳои Premium-и моро дар саҳифаи Профил санҷед.

Ман метавонам рақами телефонии худро иваз кунам?

Дар аккаунти Getcontact иваз кардани рақам ғайриимкон аст. Агар рақами ҷории Getcontact-и шумо дигар вуҷуд надошта бошад ва шумо навашро дошта бошед, шумо метавонед обунаи ҷории худро бекор кунед ва аз барнома хориҷ шавед. Пас шумо метавонед барои рақами нави худ аккаунти нав таъсис диҳед. Мо ба шумо тавсия медиҳем, ки Барои ба рақами нав интиқол додани ҳуқуқҳои худ ба мисли обунаи Premium ва ғайра чунин амалҳоро истифода баред:

Агар харидории Premium тавассути Google Play ё Apple Store анҷом дода шуда бошад, шумо метавонед имкони имтиёзҳои обунаи Premium- и худро ба рақами нав тавассути пахш кардани ""Барқарорсозии харид"" дар саҳифаи Premium дар барнома интиқол диҳед. Агар ба шумо аккаунте, ки тариқи он харидорӣ сурат гирифта шуда буд дастрас набошад, шумо инчунин ҳаққи Premium -и худро ҳам гум мекунед.

- Агар харидорӣ тавассути корти кредитӣ ё оператори мобилӣ ба амалӣ шуда бошад, лутфан бо мо тавассути support@getcontact.com дар тамос шавед. Мутахассиси Getcontact ҳолатро дида мебарояд ва харидҳои шуморо ба рақами наватон интиқол медиҳад. Лутфан дар назар доред, ки дар ин ҳолат он харидориатон барои рақами пешинаи шумо дигар дастрас нестанд

Бартарияти бастаҳои обунавӣ дар чӣ мебошад?

Барои шиносоӣ бо бастаҳои обуна ва хусусиятҳои он, лутфан ба сомонаи зерин гузаред https://premium.getcontact.com/ .

Ман чӣ гуна метавонам обунашавиро оғоз намоям?

Шумо метавонед бастаҳои обунавии Getcontact -ро аз ""Getcontact Premium"", ки онро дар қисмати ""Дигар"" -и менюи поёнӣ дарёфт карда метавонед санҷед ва агар хоҳед, якеро оғоз намоед.

Шумо инчунин метавонед бо корти кредитӣ ё пардохт тавассути оператори мобилӣ истифода карда аз ин сомона харидорӣ кунед: http://premium.getcontact.com Лутфан дар хотир доред, ки Getcontact Premium дар қаламрави шумо дастрас мебошад.

Ман чӣ гуна меъёрҳои боқимондаамро фаҳмида метавонам?

Шумо метавонед маҳдудиятҳои боқимондаро бо ин амалҳо санҷед: Дигар> Маълумоти обуна.

Чӣ тавр ман метавонам рақамро манъ кунам ва онро ҳамчун спам хабар диҳам?

Бо истифодаи тугмаи ""Гузориш"", ки шумо ҳангоми ҷустуҷӯи рақами воридотӣ мебинед, шумо метавонед онро дар категорияҳои пешакӣ муайяншуда гузориш ё манъ кунед.

- Агар шумо рақамро танҳо гузориш диҳед, минбаъд он ба шумо ҳамчун СПАМ нишон дода мешавад.

- Агар шумо рақамро гузориш диҳед ва ҳам онро манъ кунед, дигар зангҳо аз ин рақам нахоҳанд омад.

Оё ман метавонам нусхаи маълумотро, ки дар Getcontact бо профили ман алоқаманд аст талаб намоям?

Бале, бешубҳа, мо як хусусияти интиқоли маълумотро сохтаем, ки ба шумо имкон медиҳад нусхаи ҳамаи маълумоти шуморо дар шакли рақамии дастрас боргирӣ кунад. Барои дархост кардани нусха, лутфан ба Маркази Идоракунии Махфияти мо назар афканед https://www.getcontact.com/manage

Чӣ гуна ман худро аз зангҳои спам ҳифз карда метавонам?

Агар шумо дастгоҳи IOS-ро истифода баред;

Бо пахш кардани тугмачаи ""Фаъолсозии Муҳофизат"" дар менюи поёни Getcontact, шумо метавонед муҳофизат аз спамро тибқи дастур фаъол созед.

Пас аз ин қадам, ба экрани Спам ба поён фароед ва бо пахш кардани ""Тағир додани танзимот"" дар ""Танзимоти спам"" шумо метавонед яке аз имконотро ""Блоки ҳама зангҳои спам"" ва ""Намоиши огоҳӣ оид ба спам ва қаллобӣ"" -ро интихоб кунед.

Агар шумо дастгоҳи Android-ро истифода баред;

Шумо метавонед ҳифз аз спамро бо ду роҳи гуногун фаъол созед:

- Вақте, ки шумо барнома насб мекунед, ҳифз аз спам фаъол мешавад, агар аз ҷониби шумо иҷозат дода шавад.

- Агар шумо ин иҷозатҳоро надода бошед, шумо метавонед муҳофизат аз спамро мувофиқи дастурҳои дар менюи ""Фаъолсозии Муҳфизат"" фаъол созед, ки шумо метавонед аз тугмачаи ""СПАМ"" дар менюи поён дастрас шавед.

Пас аз ин қадам, ба экрани Спам ба поён фароед ва бо пахш кардани ""Тағир додани танзимот"" дар ""Танзимоти спам"" шумо метавонед яке аз имконотро ""Блоки ҳама зангҳои спам"" ва ""Намоиши огоҳӣ оид ба спам ва қаллобӣ"" -ро интихоб кунед.

Оё онҳое, ки Getcontact - ро истифода мебаранд, тамосҳои дафтарчаи телефонии манро ҷустуҷӯ карда метавонанд?

Тамосҳои китоби телефонии шумо ҳеҷ гоҳ аз ҷониби Getcontact оммавӣ ё ҷустуҷӯшаванда карда намешаванд. Иҷозат барои дастрасӣ ба тамосҳои китобҳои телефонӣ танҳо дар сурате дода мешавад, ки агар шумо розигии худро дода бошед ва танҳо бо он мақсад истифода бурда мешавад. Мо метавонем барои дастрасӣ ба хизматрасониҳои мо фаъол кардани хусусиятҳои махсусе, ки дар рафти розигӣ ва раванди иҷозатдиҳӣ дар барнома фаҳмонида мешаванд, дастрас шудани иҷозатро ба дафтарчаи телефонии шумо дархост намоем. Барои маълумоти иловагӣ, лутфан Баёнияи Махфияти моро ташриф оред https://www.getcontact.com/privacy

Тасодуфан рақамро ҳамчун спам қайд кардам. Ман инро чӣ тавр ислоҳ намоям?

Бо истифодаи тугмачаи ""Кушодани қулф"", ки пас аз ҷустуҷӯи рақам дар экран пайдо мешавад, шумо метавонед онро аз рӯйхати спам боздоред ва хориҷ кунед.

Бо пахшкунии ""Спам"" дар менюи поёнӣ ва тариқи саҳифаро поён фаровардан, шумо метавонед ба ""Рӯйхати Манъҳо"" аз ""Танзимоти Спам"" ворид шавед ва рақамеро, ки ҳамчун спам қайд кардаед, аз рӯйхати спам бо равонкунӣ ба тарафи чап рақамро хориҷ кунед.

Рақами телефони ман ҳамчун спам номнавис шудааст.

Бо алгоритми пешрафта Getcontact рақамҳоро ҳамчун спам муайян мекунад. Агар шумо фикр кунед, ки рақами шумо иштибоҳан дар спам номбар шудааст, лутфан бо мо дар тамос шавед тавассути support@getcontact.com. Рақами шуморо коршиноси Getcontact таҳқиқ хоҳад кард. Мо кафолат дода наметавонем, ки мо рақами шуморо, ки дар филтри Спами мо мавҷуд аст, тағир медиҳем ё онро аз он ҷо хориҷ мекунем.

Чӣ тавр рақами телефон ҳамчун спам номнавис карда мешавад?

Муайянкунии спам бо алгоритми махсус таҳия шудааст, ки амнияти шуморо дар сатҳи олӣ нигоҳ медорад. Getcontact фикру мулоҳизаҳои миллионҳо корбаронро баррасӣ мекунад ва қарор медиҳад, ки занг спам аст ё не. Мо рӯз аз рӯз такмил додани технологияи худро дар ин самт идома медиҳем.

Оё ман метавонам дар бораи хатогиҳо гузориш диҳам?

Мо фикру мулоҳизаҳои шуморо хуш истиқбол менамоем ва хизматрасониҳои мо танҳо дар сурате метавонанд идома ёбанд, ки дастгирии шуморо дошта бошем, лутфан бо мо дар тамос шавед.

Шумо метавонед дар барнома қисмати Кӯмак> Тамос бо Мо –ро истифода баред.

Шумо метавонед дар бораи хатогиҳо тавассути сомонаи зерин хабар диҳед: https://www.getcontact.com/send-report

E-mail: support@getcontact.com

Вақте ки шумо ба мо тавассути почтаи электронӣ посух медиҳед лутфан фаромӯш насозед, ки ба мо маълумоти зеринро пешниҳод намоед!

Рақами телефонӣ:

Кишвари ҳозира:

Платформа (Android, IOS, Веб):

Версияи барнома:

Мавзӯъ:

Хатогӣ бо рамзи 5001 чист?

Эҳтимол аст, ки шумо ин хатогиро аз сабаби мушкилоти муваққатӣ дар сервери Getcontact гирифта истодаед. Пас аз баромадан аз барнома шумо каме интизор шавед ва баъдтар бори дигар кӯшиш кунед. Агар ин масъала ҳал нашавад, бо дастгирии Муштариён тамос гиред.

Хатогӣ бо рамзи 5003 чист?

Барои пайдо шудани ин хатогӣ якчанд сабабҳо шуда метавонанд. Барои истифодабарии барнома Шумо бояд пайвасти фаъол ба интернет дошта бошед. Лутфан пайвастшавӣ ба интернетро тафтиш кунед. Ин мушкилӣ эҳтимол бо сабаби маҳдудиятҳои дастрасӣ аз ҷониби мақомотҳо барои баъзе IP – ҳо ва доменҳо ба амал омада бошад.

Чӣ тавр ман метавонам обунаи худро идора намоям?

Шумо обунаи худро аз канале, ки барои харид истифода шуд идора намуда метавонед.

Барои обунае, ки тариқи Google Play Store харидорӣ шудааст: Обуна идора карда мешавад аз Меню>Саҳифаи обуна баъд аз ворид гаштан ба воситаи линки зерин https://play.google.com/store/account/subscriptions

Барои обунае, ки тариқи Apple Store харидорӣ шудааст: Обуна бо пахш намудани тугмачаи “Идораи обунаи шумо” баъди ворид гаштан ба воситаи линки зерин идора карда мешавад https://support.apple.com/en-us/HT202039

Барои обунае, ки тариқи сомона харидорӣ шудааст: Обунаҳо бо пайдарпайии зерин баъди ворид гаштан тариқи ин линк идора карда мешаванд https://premium.getcontact.com

“Саҳифаи профил > Пардохтҳо & Обунаҳо > Идора намудани нақшаи обунавӣ”

Лутфан, дар назар доред, ки шумо метавонед истифодаи меъёри дастраси худро давом диҳед, дар муддате ки он пардохт карда шудааст, ҳатто вақте ки обунаатонро бекор гардонидаед. Дар вақти обуна бекор гардидан, маблағи барои обуна пешина пардохт шуда баргардонида намешавад, ва дар обунаҳо, ки пеш аз оғози давраи биллинг бекор карда шудаанд, пардохтҳо барои давраҳои боқимонда баргардонида намешаванд